Ссылки доступа

Намоиши маводи ғизоӣ ва ё ҷустуҷӯи бозор барои асали хатлонӣ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар тани меҳмони хориҷӣ вуҷуди коронавирус тасдиқ нашуд. Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, як шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ки бо аломатҳои шабеҳ ба COVID-19 бистарӣ шуд, гирифтории ин беморӣ набуд ва барои ҳамин ӯро ҷавоб доданд. Мансур Алӣ Қосимро чанде пеш дар шифохонаи бемориҳои сироятии Хуҷанд бистарӣ карданд ва ӯ баъди рухсатӣ шудан ба Узбекистон рафтааст. ​(видео)

- Намоиши маводи ғизоӣ ва ё ҷустуҷӯи бозор барои асали хатлонӣ. Дар маркази Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст, як намоишгоҳе оғоз ёфт. Ҳадафи он содироти бештари меваву сабзавот аз инҷо ба хориҷаи дур ва наздик мебошад. Дар ин вилоят солона садҳо ҳазор тонна мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил мемонанд ва ё вайрон мешаванд (видео)

- Таҷаммӯи мусофирони норозӣ дар Фурудгоҳи Душанбе. Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, барои сафар ба Русия аз ширкати “Северний ветер” билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд бираванд. (видео)

- Наздики 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек дармондаанд.(видео)

- Маҳаллаи "Навобод"-и ноҳияи Ҷомӣ аз нав обод мешавад. Дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, ки фалокати табиӣ садҳо нафарро бехонумон кард, бунёди манзил барои осебдидагон ҷараён дорад (видео)

- Пешниҳоди мусаллаҳ намудани сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон. Муаллифони як лоиҳа пешниҳод кардаанд, ки ба гуруҳе аз мардум дар деҳоти марзӣ аслиҳа дода шавад, то дар посбонии сарҳади Тоҷикистон ва дигар ҳамсоягони Қирғизистон ба онҳо кумак кунанд. (видео)

- Пирзода мегӯяд, пули муштариёни "Тоҷиксодиротбонк"-ро бармегардонем. Раиси муваққати бонки варшикастаи Тоҷиксодиротбонк" Тоҷиддин Пирзода мегӯяд, пули муштариёнро ба зудӣ бармегардонем. (видео)

- Хешовандони Меҳроншоҳ ҷазои гунаҳкори марги ӯро сабук меноманд. Пайвандони як афсари кушташудаи пулис аз қарори додгоҳ норозигӣ карда, ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд. Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтанд, додгоҳ сабабгори фарзанди онҳоро ҳамагӣ ба 3 сол ҳабси сукунатӣ маҳкум кард, ки ноодилона аст. (видео)

- Чаро сабзӣ дар Тоҷикистон қимат шуд? Нархи сабзӣ, яке аз маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон якбора боло рафт ва боиси нигаронии сокинон шуд. Масъулини бозор пеш омадани чунин вазъро ба сард омадани боду ҳаво рабт медиҳанд. Молики яке аз бозорҳои Душанбе гуфт, сабаби болоравии нарх, наовардани сабзӣ аз Қирғизистон аст (видео)

- Нахустин барномаи офаридаи Академияи навтаъсиси зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон бонкҳо харидорӣ карданд. “Спитаменбонк” нахустин истифодабари барномаи компютерии скоринг ё зеҳни сунъӣ аст, ки мустақилона пардохпазирии муштариёнро арзёбӣ мекунад ва муайян мекунад, ки қарз дода шавад ва ё не? (видео)

- Чаро ҳукумат ба ташаббуси мардумӣ дахолат кард? Солҳост, ки барои ёрӣ ба мардуми муҳтоҷ дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пул ҷамъ меоранд. Вале ин дафъа мақомот нагузоштанд, ки шахсони алоҳида зимоми расондани кумакро ба мардуми осебдида дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба уҳда бигиранд. Чаро? (видео)

- Дар ноҳияи Восеъ ҷавони беморро ба артиш бурдаанд. Хонаводаи як ҷавон дар ноҳияи Восеъ дар нисбати кормандони Комиссарияти ҳарбӣ ба додситони низомӣ шикоят кардаанд. Ба иддаои онҳо тариқи сарбозшикор ба артиш бурдани фарзанадшон, ки бемории руҳӣ дорад, боиси хуруҷи маризии ӯ шудааст (видео)

- Дар Кӯлоб нимпайкараи Кароматуллои Қурбон қомат афрохт (видео)

- Чаро Лоиқ аз “муд” намонд ва шеъраш “кӯҳна” нашуд? Лоиқ Шералӣ 80 сол пеш дар Мазори Шариф ба дунё омад, 21 сол қабл дар Душанбе даргузашт ва ҳоло дар оромгоҳи Лучоб орамидааст. Мухолифон дар ашъори ӯ танқиди низомро меҷӯянд, корафтодагон – фарёдрас, ошиқон – изҳори муҳаббат ва муҳоҷирон – ғами ғурбатро (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG