Ссылки доступа

Қирғизистон дар деҳаи Оқсой роҳи алоҳида месозад


Дар вилояти Бодканди Қирғизистон сохтмони роҳи мошингарди Мин-Булоқ - Чоркуҳ - Оқсой шуруъ шуд, ки барои деҳаи Оқсойи Қирғизистон роҳи алоҳидае мешавад.

Рӯзи 28 май бо ҷараёни сохтмони роҳи мошингард президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов шинос шуд. Ҷабборов гуфт, роҳи нав ҳамчун роҳи алтернативӣ "аҳамияти стратегӣ" дорад.

Тӯли роҳи Мин-Булоқ - Чоркуҳ - Оқсой 48 км-ро ташкил медиҳад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, бархе аз қитъаҳои ин роҳ аз дохили деҳаҳои Тоҷикистон хоҳад гузашт.

Сохтмони роҳи мошингарди Мин-Булоқ - Чоркуҳ - Оқсой як моҳ баъд аз низоъи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар натиҷаи низоъи рӯзҳои 28-30 апрел, 189 шаҳрванди Қирғизистон зиён дида, 36 кас фавтид. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта шуда, 87 каси дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳар ду ҷониб дар сар задани низоъи марзӣ ҳамдигарро айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG