Ссылки доступа

Дар Узбекистон муҳокимаи додгоҳии хабарнигорони сомонаи Effect.uz шуруъ шуд


Рӯзи 27 май дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон муҳокимаи се хабарнигори сомонаи Effect.uz шуруъ шуд. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Узбекистон иттилоъ доданд.

Рӯзноманигор Х. Ахмедов дар "Муқобилат нишон додан ба намояндаи давлат", "Монеа эҷод кардан ба рафти тафтишот", хабарнигор А. Нуримбетов дар "Туҳмат", "Таҳқир", "Муқобилат нишон додан ба намояндаи давлат" ва "Монеа эҷод кардан ба рафти тафтишот" айбдор мешаванд. Хабарнигори севум Е. Тоҷибоев дар "Туҳмату таҳқир" айбдор шудааст.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 7 апрели соли ҷорӣ аз таъсиси парванда нисбати ин се хабарнигор иттилоъ дода буданд. Додситонии кулли Узбекистон хабарнигоронро дар ворид шудан ба бинои Додгоҳи ноҳияи Термиз ва фишор овардан ба суд айбдор карда буд.

Хабарнигорон мегӯянд, онҳо бо иҷозаи посбони бино вориди додгоҳи ноҳиявӣ шудаанд, на худсарона.

XS
SM
MD
LG