Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқ: Русия барои паноҳандаҳои Осиёи Марказӣ хатарнок шудааст


Шохрух Базаров с 2017 года находился под защитой Европейского суда по правам человека.

Паноҳандаи сиёсӣ Шохрух Бозоров, ки таҳти ҳимояти Додгоҳи Аврупо қарор дорад, баъди рафтанаш ба идораи пулиси яке аз ноҳияҳои Москва бедарак гаштааст. Наздикони Бозорови 34-сола мегӯянд, ба онҳо хабар расидааст, ки гӯиё паноҳандаи сиёсии узбек ба Тошканд интиқол дода шуд.

"Субҳи 26 май нафаре бо либоси зард дари моро кӯбид ва вақте дарро боз кардем, 7-8 корманди пулиси вориди хона шуда, дастҳои моро бастанд ва ба идораи пулиси ноҳияи Мешанский бурданд. Моро то соати 17: 30 нигаҳ дошта, сипас озод карданд. Вале намедонем, Бозоровро ба куҷо бурданд", - гуфт як муҳоҷире, ки ҳамроҳи Бозоров зиндагӣ мекард.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, он рӯз Шохрух Бозоровро дар мошини алоҳида савор карда, ба ҷои номаълум бурданд.

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Ёрдам" ва ҳомии ҳуқуқ дар Москва Баҳром Ҳамроев, ки аз ҳуқуқи Бозоров ҳимоят мекард, гуфт, муҳоҷири узбек таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва вайро маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт карда, ба фурудгоҳи "Домодедово" бурдаанд ва аз онҷо ӯро ба Тошканд интиқол додаанд.

Ба гуфтаи Ҳамроев, ҳатто корманди додгоҳи ноҳияи Мешанскийи Русия низ тасдиқ кардааст, ки Бозоровро маъмурони амниятӣ ва Маркази мубориза бо экстремизми Вазорати корҳои дохилии Русия дастгир кардаанд. "Мо ба шумо ҳеч гуна кумаке карда наметавонем", - иқтибос меорад Ҳамроев аз суханони корманди додгоҳ.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, вақтҳои ахир фишори мақомоти махсуси Русия ба паноҳандаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG