Ссылки доступа

Башор Асад дубора президенти Сурия эълом шуд


Башор Асад бори чаҳорум ва барои ҳафт соли дигар президенти Сурия эълом шуд. Тибқи натиҷаҳои интихобот, гӯиё ӯ 95 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

Мухолифони Сурия ва як қатор кишварҳои Ғарб интихоботи президентиро, ки барандаи он Асад эълом шуд, ғайриқонунӣ номиданд. Он дувумин интихоботи президентии Сурия баъди оғози нооромиҳо дар он кишвар аст.

Асад дар интихоботи ахири президентии Сурия бо ду номзаде вориди "рақобат" шуд, ки чандон маъруф ва шинос нестанд.

Ба иттилои ҳукумати Сурия, иштирокдорони интихоботи президентии 26 май гӯиё дар беш аз 12 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ овоз додаанд. Раъйгирӣ дар минтақаҳои шимолу шарқи Сурия, ки таҳти назорати нерӯҳои мавриди ҳимояти ИМА аст, сурат нагирифт.

XS
SM
MD
LG