Ссылки доступа

Созиши Тошканду Москва барои истеҳсоли "Спутник V" дар Узбекистон


Тошканду Москваи расмӣ дар мавриди истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирус -- "Спутник V" дар Узбекистон ба созиш расиданд.

Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко, ки дар доираи сафаре аз Тошканд боздид мекунад, гуфт, Узбекистон аллакай барои истеҳсоли ваксина маконеро ҷудо кардааст.

"Дар доираи дастури президентҳои Русия ва Узбекистон барои истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" дар он кишвар созиш кардем", - иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони Мурашко.

Нахустин мояҳои ваксинаи "Спутник V" 23 апрели соли равон ба Узбекистон интиқол дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG