Ссылки доступа

Ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Бишкек баргузор мешавад


Ҷаласаи навбатии раҳбарони ҳукумати кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) 21 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи ҳукумати Қирғизистон хабар додааст.

Ҷаласаи ахири шӯро 29 май дар шаҳри Мински Белорус баргузор шуд. Иштирокдорон дар поёни ҷаласа як чанд санад, аз ҷумла нақшаи миёнамуҳлати амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ бар зидди бемориҳои сироятӣ, созишномаи ҳамкорӣ дар бахши мусоидат ба таъмини шаҳрвандони кишварҳои узв бо ҷои кор ва омода кардани афсарони нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳоро имзо карданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси ҳукумати Қирғизистон Улуғбек Маринов дар ҷараёни сафараш ба Минск бо сарвазири Озарбойҷон Алӣ Ҳидоят уғлу Асадов мулоқот ва аз корхонаи тракторбарории пойтахти Беларус боздид кардааст.

XS
SM
MD
LG