Ссылки доступа

Бештар аз 20 кишвар озодии Протасевич ва дигар рӯзноманигорони зиндониро аз Минск талаб карданд


Наздики 20 кишвари узви Эътилофи ҷаҳонии озодии расонаҳо рӯзи шанбеи 29 май бо нашри изҳороти муштарак аз мақомоти Белорус талаб карданд, ки рӯзноманигор Ромн Протасевич ва дигар рӯзноманигорону кормандони расонаҳоро "фавран ва бидуни қайду шарт" озод кунанд.

Дар изҳороти мазкур, ки дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст, ҳамчунин иҷборан шинондани ҳавопаймои ширкати Ryanair дар Минск маҳкум шудааст. Дар натиҷаи иҷборан шинондани ҳавопаймо рӯзноманигор Протасевич дар Белорус боздош гардид.

Муаллифони изҳорот гуфтаанд "рафтори мақомоти Белорус ҳамлаи ошкоро ба озодии баён аст". Муаллифон ҳамчунин аз кофтукобҳои охир дар идораи расонаи Tut.by ва ҳабси чанд рӯзноманигор дар Белорус ёдовар шудаанд.

Дар маҷмуъ, ба иттилои эътилои рӯзноманигорон, дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентии 9 август ва эътирозҳои баъди он дар Белорус наздики 400 рӯзноманигор бо шаклҳои гуногуни таъқиб рӯ ба рӯ шудаанд.

Эътилофи ҷаҳонии озодии расонаҳо моҳи августи соли 2019 бо ташаббуси вазири корҳои хориҷии Бритониё ва Канада таъсис шудааст. Бештар аз 20 кишвар, аз ҷумла Австрия, Канада, Чехия, Олмон, Швейтсария, Украина, Бритония ва ИМА узви эътилоф ҳастанд.

Роман Протасевич, блогнавис, муҳаррири пешини саҳифаи телеграмии NEXTA аз сӯи мақомоти Белорус 23 май боздошт шуд. Мақомоти Белорус бо баҳонаи ин ки ҳавопаймои самти Афина-Вилнюс мингузорӣ шудааст, онро дар фазои Белорус маҷбур карданд, ки дар шаҳри Минск фуруд ояд. Ба ин тартиб, Протасевич боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG