Ссылки доступа

Фоҷеа дар теппаҳои Чарин: хонандаву омӯзгоре аз шаҳри Алмато фавтиданд


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи борони пуршиддат ва омадани сел рӯзи 29 май дар теппаҳои Чарин ду кас фавтидааст.

Вазорати маорифи Қазоқистон иттилоъ дод, ки ду каси фавтида дар теппаҳои Чарин хонанда ва омӯзгори гимназии №199 шаҳри Алмато ҳастанд. Он рӯз гуруҳе аз хонандагону волидони онҳо ва омӯзгорон ба тамошои теппаҳои Чарин рафта будаанд.

Теппаҳои Чарин дар масофаи 200 км Алмато ҷойгир ҳастанд. Теппаҳои Чарин яке мавзеҳои сайёҳии Қазоқистон ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG