Ссылки доступа

Дар Қазоқистон хотираи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва гуруснагиро гиромӣ доштанд (видео)


Рӯзи 31 май гуруҳе аз фаъолон дар шаҳри Нурсултон дар назди тандиси ёдгорӣ гирди ҳам омада, хотираи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва гуруснагии солҳои 1931-1933-ро гиромӣ доштанд.

"Дар натиҷаи он таъқибҳо аз 7,5 миллион қазоқ ҳамагӣ 2,5 миллион зинда монд. Аз гузаштаҳоямон дар бораи он таъқибҳо борҳо шунидем. Тасаввур кардани он ҳама даҳшатҳо душвор аст. Одам дар ҳайрат мемонад, ки чи гуна мумкин аст, инсон нисбати инсони дигар зулму ситам раво бинад. Мо набояд он ҳаводисро фаромӯш кунем. Мутаассифона, рӯйдодҳои мазкур то ҳол баҳои сиёсӣ нагирифтаанд. Ирода надоштани ҳукумат дар мавриди эътирофи он ҳаводис - зарба ба мардум аст", - гуфт Қайирлӣ Омар, яке аз фаъолони Қазоқистон.

Бархе аз фаъолони дигар гуфтанд, дар Қазоқистон муосир низ шаҳрвандон барои дидгоҳҳои сиёсиашон таъқиб мешаванд.

"Таассуфовартаринаш он аст, ки бо гузашти 30 сол аз касби истиқлол ҳанӯз ҳам таъқиби шаҳрвандоне идома дорад, ки бо истифода аз ҳаққу ҳуқуқи худ изҳори ақида кардаву ба эътироз баромадаанд. Бисёре аз шаҳрвандон дар зиндон ҳастанд. Бигзор ҳукумат онҳоро раҳо кунад", - гуфт фаъоли шаҳрвандӣ Нақизхон Толеубоев.

Чунин чорабинӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон низ сурат гирифт. Дар Алмато пайвандони бархе аз қазоқистониҳое гирди ҳам омаданд, ки дар гузашта таъқиб шуда буданд.

Ҳамасола 31 май дар Қазоқистон Рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва гуруснагии солҳои 1931-1933 баргузор мешавад.

Фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ мегӯянд, дар Қазоқистони муосир низ таъқиби сокинон бо ангезаҳои сиёсӣ идома дорад. Шаҳрвандоне, ки мақомотро танқид мекунанд боздошт ва ҳабс мешавнад. Мақомот ҷо доштани таъқибҳо ва мавҷудияти маҳбусони сиёсиро рад мекунанд.

Аз соли 1928 то 1938 дар Қазоқистон дар натиҷаи гуруснагӣ ва таъқибҳои сиёсӣ аз 1,3 то 1,5 миллион кас қурбон шудааст.

XS
SM
MD
LG