Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тарҳи нави Консепсияи сиёсати иттилоотиро муаррифӣ мекунанд


Дар шаҳри Бишкек рӯзи 3 июн тарҳи Консепсияи сиёсати иттилоотии Қирғизистонро барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ мекунанд.

Дар маросими муаррифии тарҳ ҳифзи озодии баён, фаъолияти расонаҳо дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоъ ва ташкили шароити мусоид барои рушди муҳтавои миллӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар маросими пешорӯ коршиносон ва намояндагони расонаҳо, мақомоти давлатӣ, инчунин созмонҳои байналхалқиву ҷамъиятӣ ва таълимӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар баҳогузории ҷаҳонӣ аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон дар мақоми 79, Қазоқистон дар мақоми 155, Узбекистон дар мақоми 157 ва Тоҷикистон дар мақоми 162 қарор гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG