Ссылки доступа

Аз вазири тандурустии Қирғизистон хостанд, бо "гиёҳдармонияш" кишварро шарманда насозад


Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев 31 май дар ҷаласаи кумитаи порлумонӣ дар бораи истифодаи решаи гиёҳи аконит аз Иссиқкӯли он кишвар дар табобати коронавирус суханронӣ кард.

Вакилони порлумони Қирғизистон созишномаи ҳукумати ин кишвар бо Ассосиатсияи байналмилалии рушдро дар мавриди ҷудо кардани 20 миллион доллар (10 млн доллар грант ва 10 миллион доллар қарз ба муҳлати 38 сол) баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи вазири тандурустии Қирғизистон, як қисми ин пулҳо ба харидории ваксинаи зидди коронавирус равона хоҳад шуд. Вале вазири қирғиз дақиқ нагуфт, ки онҳо кадом ваксинаро харидорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол вакили порлумон Ойбек Олтинбеков аз Бейшеналиев пурсид, чаро Вазорати тандурустии Қирғизистон ба ҷои табобати сокинон бо гиёҳи маҳаллӣ, ки пештар худи раҳбари ин ниҳод онро пешниҳод карда буд, дар фикри хариди ваксина шудааст?

Вазири тандурустии Қирғизистон дар навбати худ изҳор дошт, ки "озмоиши клиникии гиёҳдармонӣ ба поён расидааст, вале хулосаи академикҳову профессорҳо ҳанӯз нашр нашудааст".

Вакили дигари порлумони Қирғизистон Сайдулла Нишанов дар навбати худ Бейшеналиевро танқид карда, гуфт, "кишварро шарманда насозед".

Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Фаъоли мадании қирғиз Умай Арикова зидди вазири тандурустӣ рӯзи 16-уми апрел ба додгоҳ шикоят бурд. Вай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки ба фаъолияти вазир баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

XS
SM
MD
LG