Ссылки доступа

Ба хотири ташаббуси Мирзиёев ёдгории бостоншиносии асри IV-ро тахриб карданд


Инициативный центр, открытый дочерью президента, пришел в упадок спустя два года.

Дар ноҳияи Буқаи вилояти Тошканди Узбекистон ба хотири ташаббуси президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар бораи бунёди маҷмааи ҷавонон макони бостоншиносӣ аз асри IV-ро тахриб карданд.

Ин маҷмаа, ки аз чандин бино ва толори варзишӣ иборат аст, бо 2 миллиард сум ($189 ҳазор) пули буҷа бунёд карда шуд. Онро дар ҷои ёдгории бостоншиносӣ аз асри 4 - шаҳри Самсарак сохтаанд.

Меъмор ва санъатшинос Абдумалик Турдиев мегӯяд, шаҳри мазкур, 1600 сол пеш бунёд гашта буд, замоне яке аз мавзуъҳои пажӯҳишии бостоншиносони кишварҳои ҷаҳон буд.

Номи шаҳри қадимии Самсарак дар китоби "Бобурнома" (ёддошти арбоби давлатӣ ва воқеънигор аз сулолаи Темуриён Заҳируддин Муҳаммад Бобур) зикр шудаааст. Он ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти ҳимоят гирифта шуда буд.

​Ба гуфтаи Турдиев, имрӯз бештари ёдгориҳои Узбекистон "дар натиҷаи ташаббусҳои фурсатталабонаи президенти он кишвар зери хатар қарор доранд".

XS
SM
MD
LG