Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ронандагон зидди пулакӣ шудани роҳҳо эътироз доранд


Беш аз 100 ронандаи мошинҳои боркаш дар вилояти Туркистони Қазоқистон зидди нақшаи мақомот дар бораи пулакӣ кардани роҳҳо эътироз карданд. Ронандагон субҳи 31 май дар баромадгоҳи шаҳри Туркистон бо мошинҳои худ гирди ҳам омаданд.

Ба гуфтаи яке аз ронандагон Султон Дусупов, мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, аз истифодаи роҳҳое пул талаб кунанд, ки валангор ҳастанд.

"Ронанда барои кӣ бояд кор кунад? Барои давлат ё ҷайби худаш? Роҳҳо бесифат ҳастанд. Дар зимистон ҳангоми боришот намешавад дар канори роҳ истод? Ҳама ҷо кули об аст. Бигузор, аввал роҳро созанд ва баъд пул талаб кунанд. Дар баъзе аз минтақаҳо ба масофаи аз 200 то 400 километр алоқаи мобилӣ нест. Ин як шармандагӣ аст", - гуфт ӯ.

Дар наворе, ки дастраси бахши қазоқии Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, ба назди ронандагони норозӣ намояндагони ҳукумати ноҳияи Сауран ва ширкати миллии идораи роҳҳо -- "КазАвтоЖол" ҳозир мешаванд. Намояндаи ширкат Талгат Берденов валангор будани роҳҳоро тасдиқ карда, мегӯяд, ин масъала баррасӣ мешавад. Ронандагон дар навбати худ таҳдид мекунанд, ки агар мақомот аз нақшаи худ даст накашанд роҳро хоҳанд баст.

Рӯзи 31 май ронандагони шаҳри Чимкенти Қазоқистон низ зидди пулакӣ шудани роҳҳо эътироз карда буданд. Дар вилояти Оқтеппаи он кишвар 11 ронандае, ки зидди пулакӣ шудани роҳҳо эътироз карданд, ҷарима шуданд.

Эътирози ронандагони мошинҳои боркаш дар Қазоқистон 30 май баъди он оғоз шуд, ки ширкати "КазАвтоЖол" гуфт, мақомот мехоҳанд, 5,8 ҳазор километр роҳро пулакӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG