Ссылки доступа

Зане, ки ҳамроҳи наберааш дар фурудгоҳи Қирғизистон банд монда буд, ба Тоҷикистон баргашт


Шаҳрвандони Тоҷикистон Любов Гордеева ва Маргарита Расулова, ки бо набераи 6-солааш Алиса Норматова аз 25 май ба ин сӯ дар фурудгоҳи Уши Қирғизистон дармонда буданд, ба ватан баргаштанд.

Тавре хадамоти матбуотии фурудгоҳи "Манас" хабар додааст, ин ду зан ҳамроҳи кудак рӯзи ҷумъаи гузашта Қирғизистонро тарк кардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба навиштаи хабаргузории "Азия Плюс", барои берун бурдани онҳо аз шаҳри Уши Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар он кишвар Назирмад Ализода рафтааст.

Ин занон рӯзи 25-уми май аз шаҳри Сургути Русия ба шаҳри Уш парвоз кардааст, то аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон равад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷозаи аз фурудгоҳ берун шудан надоданд.

Мақомоти қирғиз рӯзи 21-уми май хабар доданд, ки марз бо Тоҷикистонро бастаанд ва ба шаҳрвандони ин кишвар то ҳалли баҳси марзӣ иҷозаи вуруд ва хориҷ шуданро намедиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, аз ин тасмими мақомоти қирғиз замоне хабар ёфтанд, ки субҳи 26-уми май ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"-ро бо 177 мусофир аз Бишкек ба Душанбе пас гардонданд.

Ҳамзамон ҳудуди сад мусофире, ки шаби 25-уми май бояд аз Бишкек ба Тоҷикистон бармегаштанд, иҷозаи парвоз дарёфт накарданд.

XS
SM
MD
LG