Ссылки доступа

Сокини азиятдидаи Рашт аз беамалии мақомот шикоят дорад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сокинони маҳаллаҳои офатзадаи Кӯлоб масолеҳи сохтмон мехоҳанд, на ғизо.​ Баъзе сокинони маҳаллаҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Маҳмудҷон Раҳматзода гуфтаанд, ки то ба ҳол натавонистаанд ба хонаҳояшон баргарданд. Ба қавли онҳо давлат ба онҳо каме маводи ғизоӣ тақдимкард, вале ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ зарур аст. ​(видео)

- Сокини азиятдидаи Рашт аз беамалии мақомот шикоят дорад. Саъдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт ва бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҷунайдулло Худоёров, шикоят дорад, ки кормандони боғи шаҳраки Ғарм ӯро заданд, аммо мақомот чора намеандешанд. Ҷониби дигари баҳс иддао дорад, ки Саъдулло Худоёров ҷанҷолро сар кард ва онҳо танҳо "посух" доданд. (видео)

- "Билетҳои "Сомон Эйр" кай арзон мешавад?" Мақомоти Тоҷикистон ширкатҳои русиро барои бо нархи гарон фурӯхтани билетҳо муттаҳам карда, парвози чанде аз онҳоро боздоштанд. Даҳҳо хонанда навиштаанд, агар ҳадаф арзон кардани нархи билети ҳавопаймоҳост, чаро Тоҷикистон ҷилави ширкатҳои худиро намегирад, то ба дигарон намуна шавад. (видео)

- Биржаи нав умед дорад, ки мушкили муҳоҷирони кориро ҳал мекунад. Як ширкати тозатаъсиси вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба интиқоли дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия шурӯъ кардааст. Қарор шудааст, ки ҳар гурӯҳи на камтар аз 50-нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро як намояндаи ин ширкат ҳамроҳӣ намояд, то дар зиндагиву кори ин афрод мушкиле пеш наояд. (видео)

- Дар тани меҳмони хориҷӣ вуҷуди коронавирус тасдиқ нашуд. Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, як шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ки бо аломатҳои шабеҳ ба COVID-19 бистарӣ шуд, гирифтории ин беморӣ набуд ва барои ҳамин ӯро ҷавоб доданд. Мансур Алӣ Қосимро чанде пеш дар шифохонаи бемориҳои сироятии Хуҷанд бистарӣ карданд ва ӯ баъди рухсатӣ шудан ба Узбекистон рафтааст. ​(видео)

- Намоиши маводи ғизоӣ ва ё ҷустуҷӯи бозор барои асали хатлонӣ. Дар маркази Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст, як намоишгоҳе оғоз ёфт. Ҳадафи он содироти бештари меваву сабзавот аз инҷо ба хориҷаи дур ва наздик мебошад. Дар ин вилоят солона садҳо ҳазор тонна мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил мемонанд ва ё вайрон мешаванд (видео)

- Таҷаммӯи мусофирони норозӣ дар Фурудгоҳи Душанбе. Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, барои сафар ба Русия аз ширкати “Северний ветер” билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд бираванд. (видео)

- Наздики 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек дармондаанд.(видео)

- Маҳаллаи "Навобод"-и ноҳияи Ҷомӣ аз нав обод мешавад. Дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, ки фалокати табиӣ садҳо нафарро бехонумон кард, бунёди манзил барои осебдидагон ҷараён дорад (видео)

- Пешниҳоди мусаллаҳ намудани сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон. Муаллифони як лоиҳа пешниҳод кардаанд, ки ба гуруҳе аз мардум дар деҳоти марзӣ аслиҳа дода шавад, то дар посбонии сарҳади Тоҷикистон ва дигар ҳамсоягони Қирғизистон ба онҳо кумак кунанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG