Ссылки доступа

Боздошти чанде аз мансабдорони пешин ва вакилони Қирғизистон дар доираи парвандаи "Қумтор"


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 31 май сарвазири пешини он кишвар Омурбек Бабановро дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Қумтор" боздошт кард.

КДАМ гуфт, Бабанов дар асоси иттилое боздошт шудааст, ки дар рафти тафтишот ба даст омадааст. Ин ниҳод нагуфт, ки иттилои мазкур аз чӣ иборат аст.

Рӯзи 17 май раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар ҷаласаи порлумони он кишвар гуфт, дар робита ба кони тилои Қумтор чаҳор парвандаи ҷиноӣ тафтиш мешавад. Тошиев гуфт, яке аз муттаҳамони асосӣ сарвазири пешини Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Аблиғозиев аст, ки моҳи январи соли 2021 боздошт шудааст. Тошиев афзуд, дар доираи чаҳор парвандаи ҷиноӣ "бисёре аз мансабдорон, аъзои ҳукумат ва вакилони порлумон" гумонбар мешаванд.

Омурбек Бабанов, муассис ва роҳбари пешини ҳизби сиёсии "Республика" аз моҳи январ то октябри соли 2009 ноиб-аввали сарвазири Қирғизистон буд. Моҳи апрели ҳамон сол байни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра" бо шартҳои нави ҳамкорӣ дар мавриди коркарди кони тилои "Қумтор" созишнома баста шуд.

Солҳои 2011-2012 Бабанов сарвазири Қирғизистон буд ва он замон низ чанд қарор дар робита ба "Қумтор" қабул шуд. Вакили мудофеи Бабанов гуфт, ки ӯро дар мавриди сарвазириаш бозпурсӣ кардаанд.

Расонаҳои Қирғизистон аз бозпурсӣ шудани Игор Чудинов, сарвазири дигари пешини Қирғизистон хабар доданд.

Ҳамчунин шаби 31 май вакилони порлумон Асилбек Ҷеенбеков (бародари президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков) ва Торобой Зулфиқоров дар доираи парвандаи "Қумтор" ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG