Ссылки доступа

ЮНИСЕФ тавсия дод, соли оянда дарсҳо дар Қазоқистон анъанавӣ ташкил шаванд


Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ба мақомоти Қазоқистон тавсия додааст, ки дар соли нави хониш дарсҳоро дар шакли анъанавӣ ба роҳ монанд. Дар ин бора раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Қазоқистон Артур ван Дизен 1 июн хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи пандемия дар ҷаҳон сеяки хонандагон ё 463 миллион кудак ба иллати баста будани мактабҳо дастрасии фосилавӣ ба таҳсилро надоштанд ва "кудакони Қазоқистон ҳам истисно нестанд".

"Оқибатҳои пандемияи коронавирус метавонад дастовардҳои Қазоқистон ба манфиати кудаконро баръакс гардонад. ЮНИСЕФ тавсия медиҳад, ки дар соли нави хониш дари тамоми мактабҳо боз ва дарсҳо бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор шаванд", - изҳор дошт Артур ван Дизен.

Ба ҳисоби Вазорати маорифи Қазоқистон, дар чаҳоряки аввали соли хониш 2,5 миллион хонанда фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар чаҳоряки чорум шумори онҳо то ба 1,3 миллион коҳиш ёфтааст

Вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов 27 май дар як суханрониаш гуфт, низоми маорифи ин кишвар "тавони як соли дигари таҳсили фосилавиро надорад" ва ӯ аз омӯзгорон даъват кард, ки эм шаванд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

XS
SM
MD
LG