Ссылки доступа

Ширкатҳои вобастаи Centerra Gold Inc. ба додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурданд


Ширкатҳои "Кумтор Голд Компани" ва "Кумтор Оперейтинг Компани" ба додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурданд. Дар ин бора дар сомонаи расмии ширкати канадагии Centerra Gold Inc. хабар дода шудааст.

Ширкати Centerra Gold Inc. ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул аст.

Дар изҳороти ширкат омадааст, ки ба хотири чораҳои иловагии ҳимояти ширкат аз "ғасби худсаронаи кони Қумтор аз сӯи ҳукумати Қирғизистон" ба додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурдааст.

Скотт Перрӣ, президент ва мудири иҷроияи ширкати "Сентерра" гуфт, ширкат борҳо аз ҳукумати Қирғизистон даъват кард, ки сари мизи музокирот нишинанд, аммо ҳукумати Қирғизистон ҳама гуна гуфтугӯро рад кардааст. Ба гуфтаи вай, ширкати Centerra Gold Inc. ҳамоно омодаи гуфтугӯ ҳаст.

"Мо ҳама гуна васоили ҳуқуқӣ ва молиро барои ҳифзи манфиатҳои ширкат ва ҷонибҳои манфиатдор истифода хоҳем кард. Мо ба додгоҳҳои ҳакамӣ идома медиҳем, то ин ки иҷрои созишномаро таъмин кунем", - гуфт Скотт Перрӣ.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG