Ссылки доступа

Шаҳрдори Тошканд ва раиси маъмурияти президенти Узбекистон қудо мешаванд


Джахонгир Ортикходжаев¸ Шавкат Мирзиёев и Зайнилобиддин Низомиддинов (сзади)
Джахонгир Ортикходжаев¸ Шавкат Мирзиёев и Зайнилобиддин Низомиддинов (сзади)

Шаҳрдори Тошканд ва молики бузургтарин ширкатҳои монополисти Узбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо раиси маъмурияти президенти он кишвар Зайнилобиддин Низомиддинов қудо мешаванд.

Манбаъҳои мустақил ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор аст, тӯйи арӯсии фарзандони онҳо моҳҳои наздик баргузор шавад.

Камила Ортиқхўжаева ва Шаҳобиддин Низомиддинов
Камила Ортиқхўжаева ва Шаҳобиддин Низомиддинов

"Раиси маъмурияти президенти Узбекистон духтари хурдии шаҳрдори Тошкандро келин мекунад", - иттилоъ дод як манбаи наздик ба маъмурияти президенти Узбекистон.

Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ, домоду арӯси оянда донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии Тошканд ҳастанд. "Ҳар дуяшон номзад ба мақоми президентии Шӯрои ҷавонон буданд", - гуфт як манбаъ.

"Духтари хурдии Ортиқхоҷаев чанд сол пеш баъди он машҳур шуд, ки аксҳоеро аз зиндагии бошукуҳаш, аз ҷумла парвоз тавассути ҳавопаймои хусусиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард ва суханҳои падараш, ки дертар гуфт, мешавад бо маоши 3,2-миллионсумӣ (300 доллар) "зиндагии хуб" кард, баҳсҳои тундеро ба бор оварданд.

Писари раиси маъмурияти президенти Узбекистон Шаҳобиддин Низомиддинов худро аз ҷомеа пинҳон медорад ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пӯшида ҳастанд.

Яке аз соҳибкорони Тошканд гуфт, якҷошавии кланҳои Ортиқхоҷаев ва Низомиддинов коррупсия ва мутамарказгардонии иқтисоди Узбекистонро ба сатҳи нав мерасонад.

XS
SM
MD
LG