Ссылки доступа

Шикояти фаъоли маданӣ зидди президенти Қазоқистон дубора рад шуд


Додгоҳи баррасии шикоятҳои шаҳри Нурсултон 1 июн қарори радди шикояти фаъоли маданӣ Макс Бокаевро аз шаҳри Атирау алайҳи президент ва раисони ҳар ду палатаи порлумони Қазоқистон бетағйир гузошт.

Додрас гуфт, Бокаев ҳаққи шикоят аз болои қарори ӯ ба Додгоҳи олии Қазоқистонро дорад.

"Президент ва раисони палатаҳои порлумон қонунҳоро аз пеши худ қабул накардаанд. Ба ҷуз ин, қонунҳои қабулшуда ҳуқуқи шахсӣ ва манфиатҳои қонунии ҷониби даъвогарро поймол накардаанд", - изҳор дошт додрас дар шарҳи қарори худ.

Фаъоли мадании қазоқ талаб дошт, ки тағйирот ба қонун дар бораи интихобот бекор шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин қонун "касонеро, ки узви ҳеч ҳезбе нестанд, аз интихоб шудан ба ҳайси вакили маҳаллӣ маҳрум мекунад".

Бокаев президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раисони ҳар ду палатаи порлумони он кишварро ҷавобгар нишон додаанд. Макс Бокаев гуфт, тағйироте, ки дар соли 2018 ба қонуни интихоботӣ ворид шуд ва шахсони мустақилро аз номзадӣ ба мақоми вакилии маҳаллӣ маҳрум мекунад, хилофи Конститутсияи Қазоқистон аст.

Нахустин интихоботи маҳаллӣ, ки баъди тағйироти мазкур рӯзи 10 январи соли ҷорӣ баргузор шуд, раъйдиҳандагон на ба номзади мушаххас балки ба ҳизбҳо овоз доданд. Ба ин тартиб, ҳизби ҳокими "Нур Отан" бештарини овозҳоро соҳиб шуд. Нозирони ғарбӣ интихоботи ахирро бидуни рақобати воқеӣ баҳо доданд.

Макс Бокаев баъди ташкили эътирозҳои зидди ислоҳоти замин дар соли 2016 зиндонӣ шуда буд. Бокаев ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ аз зиндон озод шуд.

XS
SM
MD
LG