Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон меравад


Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо даъвати нахуствазири он кишвар Имрон Хон бо сафари дурӯза ба Исломобод меравад.

Сафари оқои Раҳмон ба Покистон рӯзи 2-юми июн оғоз меёбад. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора хабаре пахш накардааст.

Хабаргузории покистонии ARY News бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии он кишвар хабар дод, ки дар музокироти дуҷониба ҳайати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати мизбонро нахуствазири он кишвар Имрон Хон раҳбарӣ мекунанд.

Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, баҳсу гуфтугӯ кунанд.

Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқоти ҷудогона дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.

Тоҷикистону Покистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавие чун Созмони Милали Муттаҳид , Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Кишварҳои Исломӣ ҳамкорӣ доранд.

Покистон ҳоло умед дорад, ки бо пурра шудани тарҳи CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон барқ бигирад. Аз Покистон умдатан мева ва маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG