Ссылки доступа

Текебоев: Боздоштҳои ахири мансабдорони баландпояи Қирғизистон заминаи баҳси додгоҳӣ аст


Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон гуфт, боздоштҳои ахири мансабдорони пешини кишвараш дар доираи парвандаи Қумтор маънои омодагӣ ба баҳси додгоҳии байналхалқиро дорад.

Вай афзуд, дар додгоҳи байналхалқӣ бояд собит кард, ки созишномаи Қумтор аз ҳамон оғоз фасодолуд буд ва дар ин фасод президентҳо ва роҳбарони ҳукумат даст доштанд, ки зердастони худро ба имзои ҳуҷҷатҳо маҷбур мекарданд.

"Агар мо бо ин ҳуҷҷатҳо ба додгоҳ равем, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба далели ҷо доштани фасод мавқеи манфиро мегирад. Аз ҳамин хотир боздоштҳои пурсарусадои ахирро набояд ҳамчун қассос ё худнамоишдиҳӣ баҳо дод, балки мустаҳкам кардани далелу санад бояд донист", - гуфт Текебоев.

Раиси ҳизби "Ота Макон" илова кард, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвараш бояд дар бораи айбдории мансабдорони пешини Қирғизистон ба сокинон иттилои қонеъкунанда бидиҳад.

КДАМ-и Қирғизистон чанде аз мансабдорони пешин ва кунунӣ, инчунин чанд вакили порлумонро дар доираи парвандаи кони тилои Қумтор айбдор кард.

Рӯзи 31 май КДАМ сарвазири пешини он кишвар Омурбек Бабанов, инчунин ду вакили амалкунандаи порлумони Қирғизистон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоровро боздошт кард. Ба ҷуз инҳо, рӯзи 31 май сарвазири дигари пешини Қирғизистон Игор Чудинов ба бозпурсӣ даъват шуд. Темир Сариев, сарвазири дигари пешин рӯзи 27 май бозпурсӣ шуда буд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG