Ссылки доступа

Мусофиркашони шаҳри Бишкек корпартоӣ карданд


Имрӯз, 2 июн, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ корпартоӣ карданд. Дар ин бора Нозгул Жамгирчиева, суханги шаҳрдории Бишкек хабар дод.

Ду рӯзи пеш намояндаи ширкати мусофиркашонӣ шаҳрдориро аз тасмими корпартоии мусофиркашонҳо огоҳ карда буд. Мусофиркашонҳо боло бурдани қимати роҳкироро талаб доранд.

"Шаҳрдорӣ масъаларо омӯхтааст. Тасмими ниҳоӣ баъди созиш бо вазорати иқтисод ва молия гирифта мешавад. Дар шартнома омадааст, ки набояд ҳаракати сокинони шаҳр муваққатан қатъ карда шавад. Агар онҳо ин шартро иҷро накунанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд", - гуфт Нозгул Жамгирчиева.

Дар Бишкек 42 ширкат хадамоти мусофиркашониро таъмин мекунанд. Дар ин ширкатҳо наздики се ҳазор нақлиёти ҷамъиятӣ ба фаъолият машғул аст. Ҳаққи роҳкиро рӯзона 10 сом (муодили тақрибан 1,5 сомонӣ) ва шабона 12 сом (муодили қариб 1,8 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Мусофиркашҳо мегӯянд, ин маблағ харҷи онҳоро намепӯшонад.

Мусофиркашҳои Бишкек зимистон низ талаби бештар кардани роҳкироро доштанд. Он замон онҳо талаб карда буданд, ки роҳкиро аз 10 сом ба 20 сом расонида шавад.

XS
SM
MD
LG