Ссылки доступа

СҶТ ба истифодаи ваксинаи чинии "Sinovac" иҷозат дод


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба истифодаи ваксинаи зидди коронавирус, ки аз сӯи ширкати чинии "Sinovac" истеҳсол мешавад, иҷозат дод. Ин дувумин ваксинаи чиниест, ки ба истифодаи он зидди коронавирус иҷозат дода мешавад.

Натиҷаҳои озмоиши коромадии ваксинаи "Sinovac" нишон додаанд, ки дарёфти ҳар ду мояи ваксина 51 дарсади эмшудаҳоро аз мубталошавӣ ба коронавируси нав эмин нигаҳ доштааст.

СҶТ гуфтааст, дар мавриди коромадии "Sinovac" барои одамони аз 60-сола боло чизе гуфта наметавонад, зеро дар озмоиши он ҷавонон иштирок кардаанд.

Тавсияи СҶТ имкон медиҳад, ки содироти ин ваксина осонтар шуда, он ба барномаи интиқоли ваксина ба кишварҳои фақиртарини дунё шомил карда шавад. Пеш аз ин СҶТ ба истифодаи ваксинаи ширкати давлатии чинии Sinopharm иҷозат дода буд.

XS
SM
MD
LG