Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон ду моҳ ҳабс шуд


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабановро, ки дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Қумтор" боздошт шуда буд, ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Бабанов парвандаи худро "комилан бемаъно" номид. "Ман ягона сарвазирие ҳастам, ки 16 ҳазор ҳектар замини ҷудошуда барои Қумторро ба давлат баргардондам. Ин айбҳоро намефаҳмам", - изҳор дошт ӯ.

В Кыргызстане арестовали бывшего премьера Омурбека Бабанова по делу о Кумторе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:58 0:00

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 31 май Омурбек Бабановро дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Қумтор" боздошт кард.

КДАМ гуфт, Бабанов дар асоси иттилое боздошт шудааст, ки дар рафти тафтишот ба даст омадааст.

Омурбек Бабанов, муассис ва роҳбари пешини ҳизби сиёсии "Республика" аз моҳи январ то октябри соли 2009 ноиб-аввали сарвазири Қирғизистон буд. Моҳи апрели ҳамон сол байни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра" бо шартҳои нави ҳамкорӣ дар мавриди коркарди кони тилои "Қумтор" созишнома баста шуд.

Солҳои 2011-2012 Бабанов сарвазири Қирғизистон буд ва он замон низ чанд қарор дар робита ба "Қумтор" қабул шуд. Вакили мудофеи Бабанов гуфт, ки ӯро дар мавриди сарвазириаш бозпурсӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG