Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон баъди фавти хонандаву омӯзгор дар теппаҳои Чарин ду парванда боз кард


Пулиси Қазоқистон дар робита ба марги як хонандаву як омӯзгор дар теппаҳои Чарин ду парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора аз пулиси вилояти Алматои он кишвар ба расонаҳо хабар доданд.

Парвандаи аввал бо моддаи "Истеҳсол ва ё фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест ва боиси марги одам шудааст" ва парвандаи дувум бо моддаи "Иҷрои нодурусти масъулият оид ба таъмини бехатарии ҳаёти инсонҳо, ки боиси марги одамон шудааст", кушода шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дода буд, ки дар натиҷаи борони пуршиддат ва омадани сел рӯзи 29 май дар теппаҳои Чарин ду кас фавтидааст.

Вазорати маорифи Қазоқистон иттилоъ дод, ки ду каси фавтида дар теппаҳои Чарин хонанда ва омӯзгори гимназии №199 шаҳри Алмато ҳастанд. Он рӯз гуруҳе аз хонандагону волидони онҳо ва омӯзгорон ба тамошои теппаҳои Чарин рафта будаанд.

Теппаҳои Чарин дар масофаи 200 км Алмато ҷойгир ҳастанд. Теппаҳои Чарин яке мавзеҳои сайёҳии Қазоқистон ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG