Ссылки доступа

Си Ҷинпин ба офаридани "симои мусбат"-и Чин даъват дорад


Президенти Чин Си Ҷинпин дар мулоқот бо аъзои Ҳизби коммунистии кишвараш гуфт, ки Чин "бояд теъдоди дӯстонашро бештар кунад". Дар ин бора Би-би-сӣ бо такя ба хабаргузории давлатии Чин Синхуа иттилоъ медиҳад.

Си Ҷинпин аз аъзои ҳизбаш даъват кардааст, ки аз Чин симои "боэътимод, қобили қабул ва муҳтарамона" бисозанд.

Таҳлилгарон дар назарпурсии Би-би-сӣ гуфтаанд, ин метавонад ишорае ба он бошад, ки "Чин сиёсати дипломатиашро тағйир хоҳад дод".

Си Ҷинпин ин изҳоротро дар ҳоле мекунад, ки муносибатҳои Чин бо Ғарб бад шудаанд. Созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои Ғарбӣ Чинро дар фишор овардан ва зиндонӣ кардани уйғурҳо, қазоқтаборону дигар ақалиятҳои мусалмон дар Шинҷон айбдор мекунанд.

Рӯзи 31 май роҳбари Чин ба аъҳои ҳизби коммунистӣ гуфтааст, ки Чин "бояд дӯстона нав пайдо кунад ва муттаҳид шавад, инчунин бояд мудовим ҳангоми табодули афкор дар сатҳи байналхалқӣ теъдоди дӯстонашро афзояд".

Ба ҷуз ин Си Ҷинпин гуфтааст, ки Чин бояд "боз, боиси эътимод ва дар муносибатҳо бо кишварҳои дигар мутавозин" бошад.

Си Ҷинпин аз соли 2012 сари қудрат аст. Коршиносон мегӯянд, бо сари қудрат омадани вай худкомагӣ дар Чин афзудааст.

XS
SM
MD
LG