Ссылки доступа

Байни шаҳрҳои Узбекистону Қазоқистон ду парвози нав роҳандозӣ шуд


Байни Самарқанди Узбекистон ва Алматои Қазоқистон, инчунин байни Тошканд бо Туркистони Қазоқистон парвозҳои мунтазам ба роҳ монда шуд.

Вазорати нақлиёти Узбекистон иттилоъ дод, ки парвозҳои нав дар натиҷаи созиши мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар имконпазир шудааст.

Парвози Самарқанд-Алмато-Самарқанд ҳафтае ду маротиба анҷом мешавад.

Парвози Туркистон-Тошканд-Туркистон низ ҳафтае ду бор сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG