Ссылки доступа

Дар шимоли Қазоқистон даҳҳо сокин аз дарунравию қайкунӣ шикоят доранд


Беш аз сад нафар дар ноҳияи Қизилжари вилояти Қазоқистони Шимолӣ давоми чанд рӯзи ахир бо тасфи баланду қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат кардаанд.

Чандин сокини ноҳияи Қизилжар дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи нӯшидани оби ноҷушонида бемор шудаанд. "28 май нахуст писари калониам ва баъдар писари хурдиам бемор шуданд. Онҳоро ба беморхона бурдем. Табибон мегӯянд, сабаби беморӣ об нест. Вале ман худам об нанушидаам ва ҳоло солим ҳастам", - изҳор дошт сокини Қизилжар Оксана Деликова.

Иҷрокунандаи вазифаи сардухтури бемористони Қизилжар Жанар Какимова гуфт, аз рӯзи 28 май то 3 июни соли равон 139 нафар бо тасфи баланд, қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат кардаанд.

"Ҳамаи маводро ҷамъ карда, ба озмоишгоҳ фиристодем. Ҳоло натиҷаҳо маълум нестанд. Бинобар ин, чизе гуфта наметавонем", - афзуд ӯ.

Дар Раёсати тандурустии Қазоқистони Шимолӣ гуфтанд, ки баъди зуҳри 3 июн бо баргузории як нишасти хабарӣ қазияро шарҳ медиҳанд.

Дар деҳаи Бозанбойи ноҳияи Улани вилояти Қазоқистони Шарқӣ моҳи марти соли равон баъди шикояти хонандагон аз тасфи баланд, қайкунӣ ва дарунравӣ мактаберо карантин карда буданд.

XS
SM
MD
LG