Ссылки доступа

Дар шимоли Қазоқистон баъди "заҳролудшавӣ"-и сокинон манбаи ифлосшавии обро меҷӯянд


Дар ноҳияи Қизилжари вилояти Қазоқистони Шимолӣ баъди муроҷиати даҳҳо сокин бо тасфи баланду қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон манбаи ифлос шудани оби нушокии деҳаи Бесколро таҳқиқ мекунанд.

Сардори Идораи беҳдоштии Қизилжар Ҷангилдӣ Иброев мутахассисони Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон ба санҷиши оби нушокии деҳаи мазкур пардохтаанд.

"Баъзе аз озмоишҳо мусбат баромаданд. Нишон доданд, ки об ифлос аст. Ҳоло ташхиси иловагӣ таъйин шудааст", - афзуд ӯ.

Беш аз сад нафар дар ноҳияи Қизилжар давоми чанд рӯзи ахир бо тасфи баланду қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат кардаанд.

Чандин сокини ноҳияи Қизилжар дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи нӯшидани оби ноҷушонида бемор шудаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардухтури бемористони Қизилжар Жанар Какимова гуфт, аз рӯзи 28 май то 3 июни соли равон 139 нафар бо тасфи баланд, қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG