Ссылки доступа

"Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигон" аз ИА хост, тафтиши мустақилонаи марги Аскаровро талаб кунад


Созмони байналмилалии "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (CPJ) мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо (ИА) бояд хостори адолат дар парвандаи ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров шавад.

Дар изҳороти созмон омадааст, ки намоянда расмии ИА бояд аз гуфтугӯҳои қарибулвуқуи худ бо мақомоти Қирғизистон истифода карда, адолати додгоҳиро дар қазияи Аскаров таъмин намояд.

"ИА бояд мақомоти Қирғизистонро маҷбур созад, ки роҷеъ ба марги Аскаров тафтиши мустақил анҷом шавад. ИА бояд ба мақомҳои расмии Қирғизистон фишор орад, то барои марги ноодилонаи Аскаров дар зиндон узр пурсанд, ӯро баъд аз марг "сафед" кунанд ва ба хонаводаш ҷуброн пардозанд", - гуфтааст Том Гибсон, намояндаи кумита.

Намояндаи расмии ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан 1 июн вориди Қирғизистон шуд. Қарор аст, ӯ бо раҳбарияти Қирғизистон мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, ҳамкориҳои созмон бо он кишварро баррасӣ кунад.

Азимҷон Аскарови 69-сола рӯзи 25 июли соли гузашта дар зиндони Қирғизистон вафот кард.

Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Додгоҳӣ олӣ ҳам 13 майи соли 2020 ин қарорро бетағйир монд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ соли 2016 дар хулосаҳои худ оид ба қазияи Аскаров гуфт, ки ӯ дар зиндон шиканҷа ва аз ҳуқуқи дастраси ба кӯмаки тиббӣ ва адолати судӣ маҳрум шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ моҳи феврали соли ҷорӣ аз риоя нашудани қарори СММ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи Бишкек шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG