Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як мансабдори гумонбар дар фасодкориро овехта дарёфтанд


Калибек Жугинисов, роҳбари бахши маорифи ноҳияи Мендикарини Қазоқистон дар манзилаш дар дор овехта пайдо гардид.

Ба навиштаи расонаҳо, Жугинисов наздики ду ҳафта бо гумони фасодкорӣ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда буд. Рӯзи 2 июн ҳамсараш ба маркази вилояти Костанай рафт ва вай дар манзил танҳо монд. Бегоҳ хешовандон ҷасади Жугинисовро пайдо карданд.

Жугинисов мебоист, се соли баъд ба нафақа барояд. Вай оиладор ва соҳиби се фарзанд буд.

Ба гуфтаи ҳамкорон, Калибек Жугинисов дар соли 2015 муовини раиси ноҳияи Мендикарин таъйин шуда буд. Баъди чанд сол ӯро мудири маорифи ноҳияи мазкур таъйин карданд. Пулиси Қазоқистон гуфт, таҳқиқи марги Жугинисовро бо моддаи "ба худкушӣ расонидан" шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG