Ссылки доступа

Тоҷикистон вазъ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод


Мақомоти тоҷик изҳороти ҷониби Қирғизистон дар робита ба “муташанниҷ” шудани вазъ дар марзи миёни ду кишварро "ғайривоқеӣ" хонд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон дар “ағбаи Шатти” ҳанӯз марзи ду кишвар муайян нашудааст, вале марзбонони тоҷик дар ҷое ҷойгир шудаанд, ки сарҳади Тоҷикистон аст. Аз ин пеш, ба гуфтаи мақомоти тоҷик дар ин бора миёни ду кишвар созиш ҳосил шудааст. “Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст. Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд”,--гуфт шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳорот дод, ки соати 3-и бомдод ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи ҳанӯз тасвирнашуда, дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави Қирғизистон, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст. Изҳороте, ки ҷониби Тоҷикистон онро “ғайривоқеӣ” хонд.

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунин таҷаммуи нерӯҳои низомӣ бо мошинҳои сабукрав ва техникаи зиреҳпуш мушоҳида шудааст.

Ин минтақа дар наздикии марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон қарор дорад. Дар минтақаи Лахши Тоҷикистон қирғизтаборон ва тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа гузаргоҳи марзии "Қарамиқ" ба ҳам мепайвандад.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғли Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG