Ссылки доступа

Тоқаев бо Мирзиёев амнияти Осиёи Марказиро баррасӣ карданд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев рӯзи 3 июн гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Мақомоти Қазоқистон иттилоъ доданд, ки Тоқаев бо Мирзиёев дар мавриди масоили муҳими минтақа ва таъмини амнияти Осиёи Марказӣ суҳбат кардаанд.

Ахиран сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин бо Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон низ масоили ҳамкориҳои тиҷорӣ ва ҳамкориҳои минтақавиву наздимарзиро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG