Ссылки доступа

Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ҷои Русия ба Қазоқистон корҷӯӣ мераванд


Пункт пропуска на границе Казахстана и Кыргызстана.

Нархи осмонии билети ҳавопаймо ва гаронии патент барои кор дар Русия бештари муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказиро водор сохтаааст, ки ба ҷои он кишвар ба Қазоқистон бираванд.

Дилшодбек, муҳоҷири корӣ аз Қӯқанди Узбекистон, ки давоми даҳ соли ахир барои кор ба Русия мерафт, мегӯяд, имсол мехоҳад, ба Қазоқистон равад.

"Ҳаққи музди меҳнат дар Қазоқистон кам аст, вале ҳисоб кардам, дар ниҳоят ҳеч фарқе аз даромад дар Русия надорад. Як хешам, ки моҳи май ба Русия рафт, бо наздики 600 доллари амрикоӣ билети ҳавопаймо харид ва 300 доллари дигар барои дарёфти иҷозатномаи кор харҷ кард. Сафар ба Қазоқистон камхарҷтар аст", - изҳор медорад ӯ.

Қазоқистон ҳам зоҳиран барои қабули муҳоҷирон омодааст, Зеро кореро, ки муҳоҷирон бар ивази маблағи ночиз анҷом медиҳанд, сокинони маҳаллӣ нахоҳанд кард.

Мақомоти вилояти Атирауи Қазоқистон моҳи май гуфтанд, ки 600 шаҳрванди Узбекистонро барои кор ба он вилоят бурдаанд. Як моҳ пеш аз ин, барои интиқоли 70 муҳоҷири узбек ба Атирау парвози махсуси ҳавопаймо ташкил карда шуд.

​Як роҳрӯби Атирау моҳона наздики 330 доллари амрикоӣ маош мегирад. Ба онҳо ҳамчун корманди шаҳрдорӣ имтиёзҳое низ пешбинӣ шудааст. Тавре расонаҳо менависанд, онҳое, ки дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд, моҳона 235 доллар музд хоҳанд гирифт.

Коршиносон мегӯянд, ин маблағ барои муҳоҷирони Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар ватан маоши камтар аз онро доранд, "моҳонаи баде нест".

XS
SM
MD
LG