Ссылки доступа

“Эътирофи” гиряолуди журналист Пратасевич зоҳиран таҳти фишор гирифта шудааст


ТВ-и давлатии Беларус як видеои дигареро нашр кард, ки дар он журналисти боздоштшуда аз дохили ҳавопаймои ширкати Ryanair, ки рӯзи 23-юми май дар Минск фуруд оварда шуд, гӯё ба ҷиноятҳои содиркардааш “иқрор” мешавад.

Рӯзи 3-юми июн дар барномае бо номи “Ничего личного”, ки дар ОНТ – як телевизиони беларусӣ нашр шуд, Пратасевичи гиряолуд раҳбари худкома Александр Лукашенкаро ситоиш мекунад ва мегӯяд, ки баъди боздошт дар “ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ иқрор мешавад“.

Пратасевич масъули собиқи Телеграм канали Nexta-Live дар пӯшиши хабарии эътирозҳои зидди раҳбари Беларус фаъол буд. Лукашенка аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва барои тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии августи соли 2020 муттаҳам мешавад.

Маълум нест, ки оё сӯҳбат бо Пратасевич дар куҷо ва кай сабт шудааст, вале ин ба истилоҳ мусоҳиба дар як хонаи торике сабт шуда сабтҳои машкуки даврони шӯравиро бо боздоштшудаҳо ба ёд меорад.

Мушовири раҳбари мухолифони Беларус Франак Вячёрка дар Твиттер навишт, ки “чунин “эътирофи” Раман Пратасевичро дидан бисёр дарднок аст. Волидонаш бовар доранд, ки ӯ шиканҷа шудааст. Ин он Романе нест, ки ман мешинохтам”.

Чанд соат пеш аз нашри ин навори видеоӣ, Дмитрий ва Наталя Пратасевич дар сӯҳбат бо ТВ “Настоящее время” гуфтанд, ки мақомот аз роҳи нашри ин ва дигар “эътирофҳо”-и писарашон зоҳиран мехоҳанд гаравгонгирии Раман ва дӯстдухтари ӯ София Сапегаро, ки шаҳрванди Русия аст, сафед кунанд.

XS
SM
MD
LG