Ссылки доступа

Қазоқистон дар посух ба Русия гуфт, намехоҳад ЕАЭС "сиёсӣ шавад"


Қазоқистон пешниҳоди як мансабдори баландпояи Русияро барои посухи муштарак дар баробари таҳримҳои Ғарб рад кард.

Александр Панкин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, чанд рӯз қабл пешниҳод кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ба раҳбарии Маскав дар баробари таҳримҳои Ғарб бар Русияу Беларус муштарак вокуниш нишон диҳанд.

Бар иловаи Қазоқистону Русия, Арманистону Беларус ва Қирғизистон ҳам аъзои ин Иттиҳоди иқтисодӣ ҳастанд.

Аммо вазири умури хориҷии Қазоқистон дар як эъломияи ғайримаъмулии худ рӯзи 5-уми июн гуфт, ин кишвар намехоҳад, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё “сиёсӣ шавад”.

Қазоқистон равобити сиёсиву иқтисодии наздик бо Русия дорад, вале равобити наздик бо чину ғарбро низ дунбол мекунад.

XS
SM
MD
LG