Ссылки доступа

Вакилони Гулнора Каримова аз СММ хостанд, ҳабси ӯро ғайриқонунӣ донад


Вакилони мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, рӯзи 4 июн ба Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона расман шикоят карданд.

Вакилон аз СММ хостанд, ҳабси Каримова ғайриқонунӣ эътироф шавад. Дар шикояти вакилон омадааст, ки дар зиндон ҳуқуқҳои Гулнора Каримова пайваста поймол мегарданд.

"Баъди боздошташ дар моҳи феврали соли 2014 Гулнора Каримова бори аввал муҳокимаи додгоҳиашро бештар аз 18 моҳ мунтазир шуд. Се парвандаи беасосро нисбаташ тартиб доданд ва ҳар сеи он пушти дарҳои баста сурат гирифт. Каримова аз ҳаққи мустақиман суҳбат кардан бо вакилони мудофеаш ва шинос шудан бо парвандаҳои ҷиноияш маҳрум буд", - омадааст дар шикояти вакилони мудофеъ.

"Мо аз мақомоти Узбекистон даъват мекунем, ки уҳдадориҳои байналхалқиашонро иҷро кунанд ва Гулнора Каримоваро фавран ва бидуни ҳеч шарту қайде аз зиндон озод созанд", - навиштанд вакилони мудофеи швейтсарӣ.

Моҳи марти соли ҷорӣ Гулнора Каримоваи 49-сола, ки дар зиндони ноҳияи Зингиотаи вилояти Тошканди Узбекистон адо ҷазо мекунад, дар бораи шиканҷа шуданаш дар зиндон хабар дод.

Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова аз шаҳри Лондони Бритониё барои дидор бо модараш ба Тошканд омад. Аммо ба модару духтари иҷозаи дидор надоданд.

Айни замон Каримова ҳукми 13 солу 4 моҳи зиндонро адо мекунад.

Додгоҳ Гулнора Каримоваро дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ тавассути азхудсозӣ ва исрофкорӣ айбдор шудааст.

XS
SM
MD
LG