Ссылки доступа

Бархурди ду қатора дар Покистон беш аз 30 кушта бар ҷой гузошт


Дар пайи бархурди ду қатора дар ҷануби Покистон дасти кам 36 кас ҷон бохтааст. Дар ин бора телевизиони Samaa TV бо истинод ба наҷотдиҳандагон иттилоъ додааст.

Ба иттилои телевизиони Geo TV, шумори захмиёни садамаи қатораҳо ба 64 кас мерасад. Қатораҳо дар ҳудуди шаҳри Ғоткӣ, дар вилояти Синд бо ҳам бархурдаанд. Намояндаи мақомоти маҳаллӣ Усмон Абдулло ба телевизиони ARY News гуфтааст, яке аз қатораҳо аз роҳ баромада, ба қатораи дигар бархурдааст. Дар натиҷа 14 вагон чаппа шудааст.

Тавре хабаргузории Associated Press менависад, сабаби асосии рух додани ҳодиса дар ҳоли ҳозир маълум нест.

XS
SM
MD
LG