Ссылки доступа

Дар Узбекистон кормандони "UzAuto Motors" дубора корпартоӣ карданд


Забастовка сотрудников UzAuto Motors в знак протеста против ежемесячных задержек заработной платы, 3 мая 2021 г.
Забастовка сотрудников UzAuto Motors в знак протеста против ежемесячных задержек заработной платы, 3 мая 2021 г.

Кормандони ширкати “Uz-Koram Co” дар вилояти Андиҷони Узбекистон, ки бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошин машғул аст, дар эътироз ба таъхир дар пардохти маош ва поин рафтани ҳаҷми он корпартоӣ карданд.

Кормандони ширкат мегӯянд, ҳафтаи гузашта беш аз 85 ҳамкори онҳо чанд соат корпартоӣ карданд ва раҳбарияти ширкат дар посух ба талаби онҳо ваъда дод, ки мушкилро ҳал мекунад.

Ба гуфтаи кормандон, онҳо ба ҳисоби миёна танҳо 60-70 дарсади моҳонаи худро дарёфт кардаанд ва онро ҳам бо таъхир.

Кормандони “Uz-Koram Co” мегӯянд, ширкат 30 май 25-солагии худро ҷашн гирифт ва он рӯз ба мудирони корхона мукофотпулӣ дода шуд, вале ба кормандони оддӣ чизе надоданд.

Раҳбарияти “Uz-Koram Co” қазияро шарҳ намедиҳанд.

“Uz-Koram Co” яке аз бузургтарин корхонаҳои мошинсозӣ дар вилояти Андиҷон аст, ки наздики 1000 корманд дорад.

Рӯзи 6 марти соли равон кормандони ширкати мошинсозии "UzAuto" дар Узбекистон ҳам дар эътироз ба поин рафтани ҳаҷми маоши худ корпартоӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG