Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон бо сафари расмӣ озими Туркия мешавад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз 9 то 11 июн бо сафари расмӣ ба Туркия меравад.

Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар ин сафар Ҷабборов бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон мулоқот мекунад. Ду президент ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Қирғизистону Туркия, инчунин масоили муҳими ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабонро баррасӣ мекунанд.

Сафари президенти Қирғизистон ба Туркия дар замоне сурат мегирад, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон президенти муассисаи байналхалқии омӯзишии "Сапат" Орхан Инандӣ нопадид шудааст. Вай шаби 1 июн бедарак шуд. Пулиси Қирғизистон бо моддаи "Дуздии одам" парванда боз кардааст.

Бархе аз сокинони Қирғизистон мегӯянд, эҳтимол дорад, мақомоти махсуси Туркия ӯро рабуда бошанд. Рӯзи 6 июн ҳамсари Орхан Инандӣ - Райҳон Инандӣ гуфт, ба ӯ паём додаанд, ки шавҳараш "дар сафорати Туркия дар Бишкек нигаҳ дошта мешавад".

Дар порлумони Қирғизистон хабар доданд, ки ин кишвар дар соли 2019 истирдоди Орхан Инандиро ба Туркия рад карда будаст.

XS
SM
MD
LG