Ссылки доступа

Президенти Туркманистон аспашро ба унвони "рамзи интиқоли қудрат" ба писараш дод


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон аспи зоти ахалтекаашро ба ягона писараш Сардор Бердимуҳаммадов тақдим кард.

Ҳам Бердимуҳаммадови калонӣ ва ҳам расонаҳои он кишвар ин ҳодисаро рамзӣ унвон карданд.

Расонаҳо навиштанд, президенти Туркманистон ба писари ягонааш аспи сесолаи зоти ахалтекаро бо номи Хонкорвон туҳфа кард. Ин аспро ба президент аз номи тамоми асппарварони Туркманистон тақдим карда буданд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ки номи асп "маънии амиқ" дорад.

"Ба мисли қатори корвон, ки асрҳои зиёде аз заминҳои мо убур мекарданд, бигзор ин анъанаи неки мардум, ки наслҳову замонҳоро ба ҳам мепайвандад, аз насл ба насл бигзарад", - гуфт президенти Туркманистон.

Туҳфаи асп аз падар ба писар рӯзи 6 июн дар маросими рамзие сурат гирифт.

Ноиб-сарвазири Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов Эътилофи байналхалқии "Алабайи туркманӣ" ва Эътилофи байналхалқии асппарварии зоти ахалтекаро роҳбарӣ мекунад. Ин ду созмон бо ташаббуси президенти Туркманистон таъсис шудааст.

Сокинони Туркманистон мегӯянд, тақдими асп аз падар ба писарро метавон рамзи интиқоли қудрат унвон кард. Фаъолияти сиёсиву иҷтимоии Сардор Беридмуҳаммадов дар соли 2016 шуруъ шуд. Сардор айни замон чанд мансаби расмӣ дорад. Ҳам ноиб-сарвазир аст, ҳам роҳбари Палатаи назорат аст ва ҳам дар вазорати корҳои хориҷии он кишвар мансаби баланде дорад. Сардор Бердимуҳаммадов 39 сол дорад.

Президент Бердымухамедов ещё раз нарушил Конституцию Туркменистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:25 0:00

XS
SM
MD
LG