Ссылки доступа

Низоми энергетикии Қирғизистон вазъи буҳронӣ дорад


Раиси Ширкати миллии барқи Қирғизистон Бакит Сидиқов вазъи кунунии бахши энергетикаи ин кишварро буҳронӣ номид.

Ба гуфтаи ӯ, ба он кам шудани об дар обанбори Тоқтагул, афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва таъмиру бозсозии истгоҳҳо сабаб шудааст.

"Агар барои беҳсозии вазъ чораҳои қотеъ наандешем, ҳамаи низоми энергетикии Қирғизистон ба ҳам хоҳад зад. Дар натиҷа неругоҳи Тоқтагул аз кор боз монда, буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ дар кишварро дар пай хоҳад дошт", - афзуд ӯ.

Вазъи низомии энергетикии Қирғизистон дар пайи кам шудани оби рӯдхонаи Норин нигарониҳоеро ба бор овардааст. Агар ҳаҷми оби воридшавандаи он дар солҳои 2001-2010 14,1 миллиард метри мукааб бошад, дар солҳои 2017-2020 он то ба12,3 млрд коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG