Ссылки доступа

Ёди Муборакшоҳро дар Хуҷанд гиромӣ доштанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Намоиши тасвирҳои Заур Дахте ва духтараш дар Душанбе. Заур Дахте, аккос ва филмбардори машҳур, ки ҳафтод сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст, тасвирҳои офаридаи худу духтараш Фарангис Дахтеро ба намоиш гузошт. Маросим 3-юми июн дар Душанбе баргузор шуд. (видео)

- Амина мегӯяд, шавҳараш барои таваллуди духтар ӯро "партофт". Амина Мирзоева, сокини 24-солаи Кӯлоб, иддао дорад, ки шавҳараш пас аз таваллуди пайиҳами духтар аз ӯ ҷудо шуда, ба Русия рафт ва дигар онҳоро суроғ намекунад. Тилло Каримов дар тамоси телефонӣ гуфт, дар Русия оилаи нав бунёд кардааст, аммо далели ҷудоӣ аз ҳамсари тоҷикашро шарҳ надод (видео)

- Ёди Муборакшоҳро дар Хуҷанд гиромӣ доштанд. Ҳунармандон ва пайравони овозхони зиндаёд, Муборакшоҳ Мирзошоев, дар шаҳри Хуҷанд маҳфили ёдбуди ӯро баргузор карданд. Маросим 5-уми июн доир шуд. Дар маҳфил ҳунармандон ҳудуди бист оҳангу таронаи ӯро ба таври зинда иҷро намуданд (видео)

- Чӣ гуна Зоҳид дар Амрико кори хуб ёфт? Тақрибан 40 дар сади бештар аз 617 ҳазор пул дар Амрико бештар аз 50 сол доранд ва 46 ҳазор адади онҳо фарсудаву хатарнок шудаанд. Барои маълум кардани нуқсу камбудиҳои ин пулҳо як гуруҳи нозирон ва ё муҳандисон ҳастанд ва яке аз ин муҳандисон ҳамроҳӣ кард, ки зодаи Узбекистон аст. (видео)

- Истироҳатгоҳи "пинҳонӣ"-и раиси ҷумҳури Узбекистон. Фаъоли сиёсӣ ва болгнависи узбекистонӣ, Алексей Гаршин, мегӯяд, барои ба навор гирифтани истироҳатгоҳи махфии президенти Узбекистон маҷбур шуд ба кӯҳу пушта биравад. (видео)

- Чаро сафи "занҳои дувум" дар Тоҷикистон кам намешавад? Айби занҳо ё мардҳост, ки бо вуҷуди ғайриқонунӣ будан сафи занҳои ба истилоҳ дувум дар Тоҷикистон кам намешавад. Баъзе аз ин занон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки фарзандони онҳо насаби падари худро гирифта наметавонанд ва ҳам аз ҳаққи мерос маҳруманд. Дар навор бинед, ки корбарон чӣ гуфтанд. (видео)

- Дар ноҳияи Восеъ тундбод дарахтҳоро решакан ва боми хонаҳоро тахриб намуд (видео)

- Сокинони ноҳияи Дӯстӣ ба дучархасаворӣ муҳаббати хос доштаанд. Имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи велосипедронӣ ва ё дучархаронӣ дониста мешавад. Дар Тоҷикистон ҳоло велосипедронӣ бештар хоси онҳоест, ки дар фикри беҳбуди саломатии худ ҳастанд. Ба фарқ аз ноҳияи Дустӣ ки дучарха ба дастёри хурду бузургаш табдил ёфтааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG