Ссылки доступа

Зодагони ОМ барои кору зиндагӣ дар Русия аз шиносномаи сохтаи қирғизӣ истифода мебаранд


Дар давоми 5 моҳи аввали соли равон 113 ҳолати истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ошкор карда шудааст.

Тавре намояндаи Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар Русия гуфт, ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар хориҷ таҳия шудаанд. "Ҳолатҳое зиёде ҳастанд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машғул шудан ба муҳоҷирати корӣ дар Русия аз шиноснома ва шаҳодатномаи рондагии сохтаи қирғизӣ истифода мебаранд", - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар давоми 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 57 ҳолати истифодаи шаҳодатномаи плостикиву шинсономаи "ID-card"-и сохта (намунаи соли 2014) аз сӯи шаҳрвандони худи Қирғизистон ва дар 56 ҳолат аз сӯи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ошкор шудааст.

Пештар ВУД-и Қирғизистон гуфта буд, ки дар пайи ворид шудани ин кишвар ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳолатҳои истифодаи шиносномаҳои сохтаи қирғизӣ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG