Ссылки доступа

Собиқ раиси Корхонаи роҳи оҳани Қирғизистон дубора боздошт шуд


Василий Дашков.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон раиси пешини Корхонаи давлатии "Қирғиз темир жолу" Василий Дашковро дубора боздошт кард.

Тавре аз хадамоти матбуотии кумита хабар доданд, гӯиё дар фаъолияти Корхонаи роҳи оҳани Қирғизистон нақшаи фасодкорие ошкор шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Дашков гӯиё сар аз моҳи май то моҳи декабри соли 2020 ба ҳисоби ширкатҳои хусусие ҳамчун ҳаққи интиқоли мол ғайриқонунӣ 1,1 миллиард сом (наздики 13 млн доллар) гузарондааст.

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек 18 майи соли равон Дашковро ба шарти пардохти ҷуброн ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд. Вале ӯ то ҳол ҷубронро напардохтааст.

Кумита афзуда, ки ҳамчунин амали дигари "ғайриқонунӣ"-и Дашковро ошкор кардааст. Гӯиё ӯ аз моҳи январ то майи соли 2021 аз буҷаи корхона ҳудуди 490 миллиони дигарро ҷудо кардааст ва ҷамъан зарари расондаи ӯ ба давлат 1,5 млрд сомро ташкил медиҳад.

Василий Дашков бо қарори сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов 25 марти имсол аз вазифаи раиси Корхонаи роҳи оҳани он кишвар барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG