Ссылки доступа

Сокинони Узбекистон бо нишони эътироз зидди набуди неруи барқ роҳи оҳанро бастанд


Сокинони деҳаи Айратоми ноҳияи Чиракчини Узбекистон субҳи 7 июн рӯи роҳи оҳан ҷамъ шуданд.

Як шоҳиди ҳодиса гуфт, ки сокинон аз раиси ноҳия Хуррам Ҷураев талаб карданд, ки онҳоро бо неруи барқ таъмин кунад.

Сокинон муддате рӯи роҳи оҳан мунтазири раиси ноҳия буданд. Қарор буд, қатораи баландсуръати "Афросиёб", ки аз шаҳри Тошканд ба Қаршӣ ҳаракат мекард, соати 10:48 дақиқа аз деҳаи Айратом убур кунад. Тақрибан 20 дақиқа пеш аз расидани қатора раиси ноҳияи Чиракчин ба назди сокинон омад ва онҳоро аз роҳи оҳан дур бурд.

Қатора бидуни монеа аз ҳудуди деҳа убур кард.

Расонаҳо навиштанд, ки сокинони деҳаи Айратом аз ибтидои соли ҷорӣ бори чандум аст, ки аз мақомоти таъмин кардани неруи барқро талаб мекунанд. Аммо то кунун ба талабашон нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG