Ссылки доступа

Ҳукумати Узбекистон гуфт, бо Тоҷикистон беш аз 30 санад имзо мекунанд


Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев с лидеровм Таджикистана Эмомали Рахмоном (архивное фото).
Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев с лидеровм Таджикистана Эмомали Рахмоном (архивное фото).

Ҳукумати Узбекистон гуфт, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури он кишвар, ба Тоҷикистон имзои беш аз 30 санад дар назар аст, вале аз ҳеч қарордоде ном набурд.

Сомонаи расмии президенти Узбекистон 8-уми июн дар эъломияи расмӣ навишт, Мирзиёев рӯзҳои 10-11-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ду кишвар "рушди минбаъдаи равобит, ҳамсоядорӣ ва шарикии стратегиро баррасӣ мекунанд".

Ҷониби Тоҷикистон пештар дар бораи сафари Шавкат Мирзиёев хабар дода, ҷузъиёти он ва ҳамчунин имзои санадҳоро шарҳ надода буд.

Вебсайти расмии президенти Узбекистон навиштааст, "сарони давлатҳо дар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар пойтахти Тоҷикистон ширкат карда, бо намояндагони ҷомеа мулоқот мекунанд ва аз як қатор иншооти саноатии вилояти Суғд дидан мекунанд."

Тошканду Душанбе дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, равобити хуб надоштанд. Муносибатҳо баъди ба қудрат расидани Мирзиёев дар соли 2016 ҳамвор шуд.

Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, солҳои охир додугирифт афзуда, соли гузашта ба беш аз 500 миллион доллар расидааст.

Илова ба ин, Узбекистон кишвари аввалине буд, ки рӯзи 29-уми апрели имсол ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғистон вокуниш кард. Вазорати корҳои хориҷии он кишвар аз тарафҳои даргир хост, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои якҷоя андешанд ва дар навбати худ ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ ёрӣ расонад.

XS
SM
MD
LG