Ссылки доступа

Дар маъмурияти президенти Қазоқистон муроҷиатномаи фаъолонро қабул накарданд


Ҳудуди даҳ нафар, ки худро узви "Шӯрои ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ" муаррифӣ карданд, 9 июн барои "даъвати мақомот ба муколама" ва "пешниҳоди муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ба раисҷумҳури Қазоқистон" дар назди бинои маъмурияти президент ҷамъ шуданд.

Фаъолони қазоқ дар назди бинои маъмурияти президент чанд соат истоданд, вале касе ба назди онҳо набаромад.

Дар муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳамчун "кафили Конститутсия" даъват шудааст, ки ба мардум имкон дода шавад, то муттаҳида шаванд ва ҳамчунин қонуне дар бораи аҳзоби сиёсӣ тавассути раъйпурсӣ қабул ва сабтиноми ҳизб соддатар гардад. Дар ғайри сурат фаъолон ҳамаро ба эътирози оммавӣ даъват мекунанд.

Кормандони пулис монеи вуруди фаъолон ба бинои маъмурияти президенти Қазоқистон шуда, як корманд гуфт, Нурсултон аз нигоҳи вазъи эпидемиологӣ ҳанӯз ҳам ба минтақаи "сурх" дохил мешавад ва бинобар ин, танҳо кормандони ҳукумат метавонанд ба бинои маъмурияти президент ворид шаванд.

Ҳамоҳангсози "Шӯрои ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ" гуфт, ба далели он ки онҳоро дар маъмурияти президент қабул накарданд ва "табодули афкор" сурат нагирифт, тибқи банди чоруми муроҷиатнома, онҳо мачбуранд, даст ба эътирози оммавӣ зананд.

XS
SM
MD
LG